РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар «Тоҷикфилм» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд

Дар павилиони «Ҷомӣ ва Навоӣ»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» чорабинии наврӯзӣ баргузор гардид.
Кормандону масъулини Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» тибқи суннатҳои хоси ҷашни бостонии ниёгонамон Наврӯз, ки шурӯи сол, фасли шукуфтанҳою рустанҳост, бо оростани хони наврӯзӣ, омода кардани таомҳои миллӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ чорабиниро дар сатҳи баланд ороста гардониданд.
Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шодбош гуфта, перомуни таърих, суннат, хусусият ва вижагиҳои ҷашни бостонӣ ибрози андеша намуд.
Таъкид гардид, ки бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда шуд ва 23-юми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷашни миллиамон мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ чун мероси бузургниёгонамон ҳамчун дастоварди беназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шуда, чун рамзи некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзӣ дар тамоми сайёра ботантана таҷлил мегардад.
Маҳз бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, Наврӯзи бостонӣ ба ҷашни созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсон табдил гардид, ки ҷаҳониён кишвари соҳибистиқлоли мо Тоҷикистонро барҳақ “Гаҳвораи Наврӯз” эътироф намудаанд.
Мавсуф изофа намуд, ки Наврӯз ва ҷашнҳои миллӣ – Сада, Тиргон ва Меҳргон падидаҳои нодире мебошанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳамчун омилҳои пояндагии тоҷикон нақши барҷаста бозидаанд.
Барномаи фарҳангии дастаи ҳунарии ҳофизону мутрибон ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram