РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвазири мамлакат бо натиҷаҳои заминларза дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз наздик шинос шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, ҳаҷми хисороти заминларза муайян карда мешавад. Аз ин рӯ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо натиҷаҳои заминларза дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз наздик шинос шуд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Маркази ҷунбиши қишри замин дар километри 132-юми самти шимолу шарқии шаҳри Душанбе, дар километри 50-юми самти шимолу ғарбии минтақаи Рашт ва дар километри 96-уми шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Палдораки Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ умқи 11-километр ба қайд гирифта шудааст.

Қувваи заминларза дар маркази он 5-6 балл, минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил намуд.

Ҳамзамон маротибаи дуюм соати 07:53 ба вақти маҳаллӣ заминларза ба амал омад, ки қувваи он 4,8 баллро ташкил дод. Маркази ҷунбиши қишри замин дар километри 6-7-уми деҳаи  Палдораки Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст.

Ҷунбиши қишри замин дар умқи 40-километр бо қувваи 4 бал, дар шаҳри Душанбе 1-2 балл ва дар минтақаи Рашт 2 баллро ташкил намуд.

Бар асари офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram