РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндагони Тоҷикистон дар Россия дар форуми «Ҷомеаи солим» иштирок намуданд

23-24 марти соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия таҳти унвони «Ҷомеаи солим» форум баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода иштирок намуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар форуми мазкур намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва мутахассисон аз кишварҳои ИДМ иштирок намуданд.

Дар форуми мазкур масъалаҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ, рақамикунонии соҳа, рушди туризми тиббӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар анҷоми форум барои саҳми назаррас гузоштан дар рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ аз номи вазири тандурустии Россия Михаил Албертович Мурашко вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд. Сипосномаи мазкур ба муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram