РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТЕАТР ВА ҶАҲОНИШАВӢ. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии театр

Дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳову фарҳангҳо нақши санъати театрӣ ба воситаи пешниҳоди саҳнаҳои ҷолибу беҳтарин ва баландмазмун, ки бозгӯи вазъи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва пешрафту тараққиёти замони муосир аст, дар тарбияи маънавии тамошобинон нақши муассир дорад.

Дар давлатҳои мутараққӣ ва ё рӯбатараққӣ театр яке аз рукнҳои асосӣ ва дигаргунсозандаи ҳаёти иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Ин ниҳоди иҷтимоӣ бо мақсади қонеъ гардонидани ниёзҳои маънавии инсонӣ ва иҷтимоӣ фаъолият мекунад.

Намоишномаи театрӣ василаест, ки барои кушодани гиреҳҳои мушкилоти ҷомеа ва аз ҳама муҳим ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд. Он чизе, ки дар саҳна иҷро мешавад, метавонад дар зеҳн ва тафаккури тамошобин таъсири амиқ ва дарозмуддат дошта бошад ва ба одам ҳузури коллективӣ, шавқу ҳавас, зиндадилӣ ва таровати ботинӣ мебахшад ва маҳз бо ҳамин хусусият ҳама ба он боварӣ доранд. Ин вижагии театрро давлатҳои пешрафта ба назар гирифта, онро бо шаклҳои гуногун самаранок истифода мебаранд.

Аз бозёфтҳои бостоншиносон  ва маъхазҳои таърихию фарҳангӣ бармеояд, ки тоҷикон  ҳанӯз дар аҳди қадим бо санъати театрӣ иртиботи бештаре  доштаанд ва ба андешаи баъзе  фолклоршиносон поягузори он будаанд.  Исботи ин баргузории маросимҳои идонаи мардумӣ будаанд, ки бо услуби вижа доир мешуданд. Дар ин гуна маҳфилу маросимҳо ҳунарнамоии санъаткорону ҳунармандони мардумӣ мақоми хос доштаанд ва онҳо саҳнаҳои драмавиро манзури тамошогарон мекардаанд. Нақшофариҳо бо истифодаи либосҳои махсус ва ё пешниҳоди саҳнаҳои гуногуни драмавӣ ҳанӯз дар таҷлили маросимҳои мардумӣ маъмул будаанд.

Нахустин театри касбӣ — Театри давлатии драмавии академии ба номи Лоҳутӣ яке аз беҳтарин театрҳои баъди Инқилоби Октябр таъсисёфта шуморида мешуд. Театри мазкур бисёр намоишҳои хуб офарид. Тамошобинон бо хоҳиши худ ба ин даргоҳ меомаданд ва намоиши театриро бо шавқу ҳавас медиданд.

Номи аксари ҳунамандони тоҷик, аз қабили Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, Мушаррафа Қосимова, Софя Тӯйбоева,  Тӯҳфа Фозилова,  Маҳмудҷон Воҳидов, Ато Муҳаммадҷонов, Ҳошим Гадо, Марям Исоева ва дигарон на танҳо дар Тоҷикистон, балки бурун аз он машҳур гашта, чун ситораҳои тобони театру синамо шинохта шудаанд. Мактаби театрии тоҷик дар миқёси давлатҳои шӯравӣ мактаби эътирофгашта буд. Асарҳои саҳнавии эҷодкорони тоҷик мақоми ҷаҳонӣ доштанд ва борҳо дар маҳфилҳои байналмилалии театрӣ баҳои баланд гирифтаанд. Солҳои зиёд дар театри тоҷик асарҳои барҷастаи классикони адабиёти ҷаҳон рӯйи саҳна омадаанд ва  ҳунармандони  мо симоҳои барҷастаи  сиёсӣ, фарҳангӣ ва қаҳрамонони миллиро  хеле барҷаста офаридаанд.

  Тӯли ин солҳо театри касбии тоҷик  чандин насли эҷодкорро тарбия намуда, ба мақому мартабаи баланд расондааст. Ҳар яки ин ҳунармандон мактаби вижаи худро доштанд ва дар ин росто шогирдони зиёдеро ба камол расондаанд.  Барои театр драматургия нақши асосиро мебозад ва он ҳамчун ҷузъи асосии театр такмил мехоҳад.  Насли нави ҳунармандон ба ҳайси актёрону  коргардонҳо ба театр кам таваҷҷуҳ менамоянд.

Айни ҳол дар ҷаҳон шаҳрҳое ҳастанд, ки макони сайёҳӣ маҳсуб мешаванд ва дар баробари таърихӣ, зебоӣ ва вижагиҳои нотакрори худ дорои театрҳои бузург ва қадимӣ мебошад. Дублин, Белград, Чикаго ва Бостон мисоли возеҳи ҳамин шаҳрҳоянд. Сайёҳони зиёде низ ҳастанд, ки ба ин шаҳрҳо сафар мекунанд. Ин сайёҳони фарҳангӣ ба намоишномаҳои идона ва суннатии қавмҳои гуногун таваҷҷуҳ доранд ва омодаанд, ки дар чунин муҳитҳо барои оромии рӯҳ ва дур аз ташвишҳои рӯзмарра вақт гузаронанд. Пайтахти мамлакат – шаҳри Душанбе муҳимтарин маркази фарҳангии мамлакат аст. Аксари театрҳо, марказҳои фарҳангӣ, кохҳои фарҳангӣ дар Душанбе ҳастанд ва аксари ҳунармандон, коргардонҳои барҷаста дар ин ҷо умр сар бурдаанду мебаранд. Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки мо бояд осорхонаҳои театрӣ таъсис диҳем, зеро бо гузашти замон ҳар як унсури намоишномаи мувафаққи театрӣ ва лавозимоти истофода намудаи ҳунармандони варзида арзиши баландро соҳиб мегарданд.

Имрӯз дар аксари мамлакатҳои пешрафта завқи санъати театр дар баробари дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои махсуси соҳавӣ, инчунин тавассути воситаҳои ахбори оммма ва муассисаҳои миёнаи таълимӣ ба ҷавонон ва наврасон омӯзонида мешавад. Кӯдакон аз муассисаҳои томактабӣ ба омӯхтани санъати театрӣ ва нақшофарӣ  шурӯъ мекунанд.

Кӯдакон аз лаҳзаи ёд гирифтани роҳ рафтан ва ҳарф задан муҳити атрофро мушоҳида карда, ба он вокуниш медиҳанд ва ба тарзи гуфтору рафтори атрофиён тақлид мекунанд. Ин бозигарони хурд мустақилона ба иҷрои нақшҳо машғул мешаванд ва аз рӯйи мушоҳидаи худ аз ҳаёти атрофиёнашон намоишномаҳо меофаранд. Дар рафти намоиш якдигарро идора мекунанд, ба суханҳо ва саволҳои ҳам ҷавоб медиҳанд, механданд, гиря мекунанд ва байни ҳам баҳс ва ҳатто ҷанг мекунанду сулҳ мебанданд, ки тамоми ин амалкардаҳо баргифта аз зиндагии атрофиёни кӯдакон аст.

Хонандагони мактабҳои миёна метавонанд, аз давраи оғози таълим ба омӯзиши ҳунарҳои театрӣ машғул шаванд, ки ин боис мешавад, чеҳраҳои нави театрӣ кашф карда шаванд ва барои идомаи таҳсил ба  макотиби олӣ раҳнамун гарданд. Аз ин рӯ хуб мешавад, ки тавассути барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ нозукиҳои санъати театрӣ омӯзонида шавад. Ҳарчанд ки чанд намунаи ин барномаҳо дар телевизиони кӯдакону наврасон-“Баҳористон” мушоҳида мешаванд ва барномаҳои хуб низ ҳастанд. Барои таълими театр ба ҷавонон ва наврасон махсусан дар мактабҳои миёна мафҳилҳои махсус ташкил кардан лозим то шароити мусоид барои омӯзиш ва иҷрои намоишномаҳо таъмин гардад. Ҳамчунин, таҳиягарони барномаҳои телевизиониву раидоӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ бо ҳунармандони театрҳо ҳамкорӣ намуда, ҳунармандонро ба барномаҳо ва дарсҳо даъват намуда, соатҳои махсусро муайян кунанд, ки ҳунармандон ба ҷавонон ва наврасон суҳбатҳо ороста, нозукиҳои театрро бо онҳо омӯзонанд.

Омӯзиши театр тавассути телевизиону радио ва маҳфилҳои махсус дар  муассисаҳои таълимӣ вобаста ба мутахассиси соҳибтаҷриба ва эҷодкор аст, ки нозукиҳои театр ва истеъдодҳои кӯдакон ва наврасонро дарк намояд. Мутахассиси соҳибтаҷриба метавонад, бо истифода аз мавзӯъҳои адабиёт, таърих, воқеаҳои замони муосир ва тахайюлоти худ ва ҷавонону наврасон намоишномаҳо тайёр намояд.

Таълими театр ба ҷавонон ва наврасон судманд аст, он метавонад, василае барои фаъол ва саломат нигоҳ доштани онҳо бошад, боварии онҳоро нисбат ба худ ва маҳорати суханвариашонро афзоиш диҳад ва дар умум муҳити эҷодие барои онҳо бошад.

Бозии кӯдак ва ё ҷавон дар як намоиш шеваҳои ҷадиди иртибот бо гурӯҳи ҳамсолон, шинохти худ дар рафти корҳои гурӯҳӣ, боварӣ ба якдигар ва аз ҳама муҳим дар доирае маҳбубият пайдо кардани кӯдакро ба вуҷуд меорад. Алберт Эйнштейн мегӯяд: “ибтикор муҳимтар аз дониш аст”. Яъне, зарур аст, ки мо ибтикороти кӯдаконро мавриди назар бигирем, то онҳо битавонад, дар вақти ҳалли мушкилоти худ қодир бошанд. Театр боиси густариши сатҳи эҷодкории кӯдакон мегардад, он бо роҳҳои зиёде ҳунарҳои ташаббускорӣ, тарҳи либос, суханварӣ, танзими нуру садо, намоишноманависӣ, танзими мусиқӣ ва монанди инҳоро афзоиш медиҳад.

Театр санъатест, ки барои зинда мондан ба кумаки ҳукумат ҳамеша ниёз дорад. Ҳукуматҳо барои бо фарҳанг шинос кардани мардуми худ ба театр таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд. Ҳамчунин, ҳунармандони театрҳои пешрафтаи ҷаҳон талаботи тамошобини имрӯзро ба назар гирифта, тарзи пешниҳоди намоишномаҳоро ба меъёрҳои театри мудерн созгор менамоянд. Аз ин рӯ тамошобини зиёд ва маҳбубияти хоссаро соҳибанд.

Абдурозиқ МАРДОНӢ,

рӯзноманигор

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram