РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Наврӯзи байналмилалӣ дар Берлин таҷлил гардид

Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ҷашни хуҷастаи Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷамъияти тоҷикистониён таҷлил карда шуд. Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов дар сухани шодбошӣ ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи фаррухпай ва оғози соли нави аҷдодӣ табрик намуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.

Зикр шуд, ки Наврӯз барои сарҷамъии тоҷикони бурунмарзӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, инчунин муаррифии ҳарчи бештари фарҳанги волои тоҷикон дар кишвари иқомат муҳим мебошад.

Бинобар ин, аз ҳамватанон даъват ба амал оварда шуд, ки дар рушду ободии Тоҷикистон ва баланд бардоштани симои мусбати он ҳиссагузор бошанд.

Ҳамзамон, ба ҷамъомадагон дастурхони идонаи наврӯзӣ густурда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram