РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хоруғ. Дар назди Театри мусиқӣ-мазҳакавӣ студияи нави сабти суруд таъсис ёфт

Дар бинои Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ студияи сабти оҳангу тарона боз шуд. Акнун ҳунармандони театр имконият пайдо намуданд, ки дар дохили бинои театр бо истифода аз таҷҳизоти муосири рақамӣ ва посухгӯ ба талаботи имрӯзаи ҷаҳони мусиқӣ таронаҳо, порчаҳои савтӣ барои намоишҳоро сабту танзим намоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст.

Ҳунарманди маъруфи ин театр Ҷобиршои Хубоншо, ки қариб 30 сол боз рӯи саҳнаи ин  театр тарона мехонад ва дар намоишҳо нақш меофарад, зимни суҳбат изҳор дошт, ки «қаблан сарояндагону оҳангсозони театр барои сабти суруду оҳангҳо ба телевизиони Бадахшон ва ё студияҳои шахсӣ муроҷиат менамуданд. Баъзе ҳунармандон ҳатто барои сабти суруд ба шаҳри Душанбе сафар намуда, маблағи зиёд масраф менамуданд.

«Ҳоло бо кумаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон театри мо соҳиби студияи ҳозирамони барҳаво гардид, ки ҳамаи дастгоҳу таҷҳизоти сабти суруд ва танзимгарӣ комилан нав аст. Акнун минбаъд на танҳо ҳунармандони театри вилоятӣ, балки ҳар ҳунарманде, ки маҳорату истеъдоди овозхонӣ дорад, метавонад аз хизмати ин студия истифода барад. Барои чунин кумаки воқеан зарурӣ аз номи ҳунармандони театр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос баён менамоям ва аз ин пас кӯшиш хоҳем кард, ки барномаҳои адабӣ-мусиқиро бо сифати  баланду ҷавобгӯ ба меёърҳои ҷаҳонӣ сабт ва пешкаши сокинон  гардонем», — илова кард ў.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram