РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

2 миллиард нафар умуман ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ надорад

Дар ҷаҳон 3 млрд 600 млн нафар ба низоми обу корези бехатар дастрасӣ надорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид иттилоъ додааст.

Шумораи аҳолие, ки дар  шаҳрҳо ба об дастрасӣ надорад, меафзояд. Тибқи ҳисоби коршиносон, шумораи аҳолии шаҳрҳои дунё, ки ба об дастрасӣ надорад, аз 930 млн дар соли 2016 ба 1,7- 2, 4 млрд дар соли 2050 мерасад.

Ба ҳолати моҳи марти соли 2023 дар ҷаҳон 2 млрд нафар умуман ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ надорад.

Тибқи гузориши Панели байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар бораи уқёнусҳо ва криосфера (соли 2019), то охири садсолаи равон сеяки пиряхҳои ҷаҳон метавонад аз байн равад.

Дар панҷ даҳсолаи охир нишондиҳандаи таъмини оби тоза ба сари ҳар нафар аҳолӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ 2,5 баробар ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ чор баробар коҳиш ёфтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018 – 2028, ки соли 2022 дар Душанбе баргузор гардид,  таъкид намуда буданд, ки тақрибан 2 миллиард нафар дар ҷаҳон ба шабакаҳои таъмини оби ошомидании бехатар дастрасӣ надорад.

Ба гуфти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз тадбирҳои зарурии коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқ шудан ба онро наандешидааст.

«Табиист, ки дар ин давра ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тамоми воситаву имкониятро ба мубориза бо ин буҳрон равона кардаанд, — зикр намуданд Сарвари давлат. — Вале мо бояд фаромӯш насозем, ки масъалаи об бинобар аҳамияти хосса доштанаш, бояд ҳамеша чун масъалаи афзалиятнок боқӣ монад».

Тибқи арзёбии коршиносон, соли 2050 шумораи аҳолии кураи Замин эҳтимоли расидан ба 9 миллиард нафарро дорад, ки ин албатта, сабаби чандин маротиба зиёд шудани талабот ба об мегардад.

Дар баробари ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки талошҳои умумӣ ҳанӯз самараи дилхоҳ надодаанд ва рақамҳои зерин гувоҳи он мебошанд:

– зиёда аз 3,5 миллиард нафар аз хизматрасонии зарурии беҳдошт ва қариб 2,3 миллиард нафар аз шароити одии гигиенӣ бархӯрдор нест;

– ҳамасола қариб ним миллион нафар аз бемориҳои сироятии марбут ба об ба ҳалокат мерасад.

«Дар робита ба ин метавон гуфт, ки раванди иҷрои воқеии ҳадафу вазифаҳои гузошташуда дар самти таъмин намудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт дар сатҳи зарурӣ қарор надорад», — гуфтанд Сарвари давлат.

А

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram