РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Кӯлоб. Кишти пахта оғоз шуд

Дар шаҳри Кӯлоб яке аз аввалинҳо шуда Кооперативи тиҷорати Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар мавсими имсола ба кишти пунба оғоз намуд. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳр Кӯлоб хабар доданд.

Хоҷагидорон намунаҳои тухмиҳои серҳосили ба шароити иқлими минтақа мутобиқ, нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо, таҷҳизоти дорупошӣ ва тухмии дигар намуди зироатҳоро, ки дар заминҳои хоҷагӣ кишту парвариш карда мешаванд ба намоиш гузоштанд. Хоҷагии мазкур тухмипарварӣ буда, дигар хоҷагиҳои минтақаро бо тухмиҳои хушсифат таъмин менамояд ва айни замон дар анборҳои хоҷагии беш аз 300 тонна тухмии пунба мавҷуд мебошад. Соли ҷорӣ муассисаи давлатии “Маркази дастгирии соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” –и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коперативи мазкур 4.5 тонна тухмии навъи ПЕРЛО-С ва нуриҳои минералӣ дастрас кард, ки аз ин ҳисоб тухмиро зиёд намуда дар оянда майдони кишташро васеъ мегардонанд. Бо дуои пирони кору деҳқонони асил ва иштироки роҳбарияти шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр техникаҳои кишоварзиро ба замин дароварда кишти пунбаро оғоз намуданд.

Дар кишти пунба тамоми қоидаҳои агротехникӣ риоя карда мешавад ва ба гуфти деҳқонон имсол нисбат ба солҳои пешин киштро чанд дар рӯз пеш оғоз намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram