РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Лондон таҷлил шуд

25 марти соли 2023 дар шаҳри Лондон ба мақсади таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил ва баргузор гардид, ки дар он шумораи зиёди ҳамватанони муқими Британияи Кабир иштирок намуданд.

Қабл аз оғози барномаи консертӣ дар толори бошукӯҳ тибқи анъанаҳои наврӯзӣ дастурхони “7 син ва 7 шин” ороста шуд.

Хотири ҳамаи меҳмононро ҳунармандони хушовоз ва маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлат Назрӣ ва Ситораи Кароматулло, ки бо даъвати намояндагии дипломатӣ маҳз барои ин ҷашн ба Лондон ташриф оварда буданд, бо сурудҳои ҷаззобу дилнишини худ шод намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram