РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

2 хонандаи Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалии «Эрудитҳои сайёра-2023» соҳиби ҷойи сеюм шуд

Дар рӯзҳои таътили баҳорӣ-аз 21 то 24 март 10 хонандаи Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия барои баланд бардоштани Парчами давлатии Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии «Эрудитҳои сайёра-2023» донишозмоӣ намуд.  Дар ин бора Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе доданд.

Дар олимпиада ду нафар хонандаи синфи 2-и Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе- Абубакр Қосимзода ва Маҳлиё Худоёрзода соҳиби ҷойи сеюм гардид.

Ҳамзамон  8 нафар: Зафар Сафарзода — хонандаи синфи 11, Дилноза Давлатзода — хонандаи синфи 8, Шуҳрат Давлатзода — хонандаи синфи 6, Билол Қосимов — хонандаи синфи 6, Умеда Мастибекова — хонандаи синфи 3, Абдураҳим Исохонов — хонандаи синфи 3, Ҳоким Яқубов — хонандаи синфи 3 ва Сумая Нуриддинзода — хонандаи синфи 2 дар олимпиада иштироки фаъолона намуда, аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо ифтихорнома ва медалҳо сарфароз гардонида шуд.

Ба дастаи Гимназия барои иштироки фаъолона Ҷом супорида шуда, роҳбарияти ин муасисаи таълимӣ ва омӯзгори роҳбалад бо сипоснома қадрдонӣ гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram