РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Ганҷи Сомон»-ро ифтитоҳ карда, аз намоишгоҳи маҳсулоти корхона боздид намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ганҷи Сомон” оғози расмӣ бахшиданд.

Фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ганҷи Сомон” дар доираи тадбирҳои вобаста ба амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саид Қурбонов бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар корхона 4 иншооти парандапарварӣ бо усули бройлерӣ бо истифода аз таҷҳизоту технологияи муосири соҳа бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорӣ сохта, муҷаҳҳаз карда шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар фабрика дар як марҳила 50 ҳазор сар парандаи гӯштӣ парвариш меёбад. Тибқи технология ва қоидаҳои зооветеринарӣ чӯҷаҳои зоти бройлерӣ давоми то 45 рӯз ба ҳисоби миёна аз 2 то 2,5 килограмм вазн гирифта, барои забҳу истеҳсоли гӯшт омода мешаванд.

Иқтидори фабрика дар як марҳила истеҳсоли 100 тонна ва дар як сол 400-500 тонна гӯшти парҳезии паранда мебошад. Яъне, соҳибкорони ҷамъияти “Ганҷи Сомон” дар таъмини бозори дохилӣ бо гӯшти парҳезӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар фабрикаи парандапарварӣ ҷараёни технологӣ пурра автоматӣ буда, танзими ҳарорати дохили мурғхонаҳо, тозакунии ҳаво, додани обу ғизо, иҷрои қоидаҳои зооветеринарӣ, санитариву беҳдоштӣ тавассути технологияи компютерӣ ва усули пешрафта амалӣ карда мешавад.

Дар корхонаи нави парандапарварӣ 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Музди миёнаи меҳнати коргарону мутахассисон 1500 сомонӣ буда, муассис нақша дорад аз ҳисоби даромади минбаъдаи корхона музди меҳнатро боз ҳам баланд бардорад.

Тибқи нақшаи дурнамо, соҳибкорону мутахассисони ҷамъият марҳилаи дуюми фабрикаро дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон бунёд хоҳанд намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуданд, ки дар муҳлати наздик ин корхонаи парандапарварӣ, марҳилаи дуюми он ва корхонаи хӯроки омехтаи чорвою паранда, ки фаъолият дорад, якҷо ба комплекси калону муосири парандапарварӣ табдил меёбад.

Сарвари давлат ба соҳибкор дастуру маслиҳат доданд, ки инкубатори чӯҷабарорӣ, коргоҳҳои забҳи паранда, коркарду банду басти гӯшти паранда, анбор-сардхона сохта, дар оянда комплекси мукаммали парвариши паранда ва истеҳсолу то ба истеъмолкунанда расонидани гӯшту маҳсулоти гӯштии аълосифати парандаро таъсис диҳанд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши маҳсулоти корхона шинос шуданд.

Дар гӯшаи намоишӣ тухми инкубатсионии парандаи зоти бройлерӣ, 9 намуди маҳсулоти гӯшти парҳезии паранда дар банду басти ҷолибу хосса, ки дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои парандапарварию коргоҳҳои банду басти соҳа омода гардидааст, ҳамчунин анвои хӯрокаи паранда ва нақшаҳои истеҳсолию тиҷоратии корхона барои ояндаи наздик муаррифӣ гардид.

Зимни шиносоӣ бо намоишгоҳ ба соҳибкорону мутахассисон ва масъулони соҳа дастур дода шуд, ки ин ва дигар корхонаҳои парандапарварӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, маркази шаҳру ноҳияҳо фурӯшгоҳҳои фирмавӣ ва тарабхонаву ошхонаи таомҳо аз гӯшту маҳсулоти гӯшти паранда таъсис диҳанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram