РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар соҳаи маориф тақвият медиҳанд

28 марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо мушовири Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Чен Дайвеням баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохўрӣ ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои дўстонаи ду кишвар дар самти маориф ва илм табодули афкор намуда, масъалаи ташкили нишасти вазирони маорифи кишварҳои «Осиёи Марказӣ — Чин»-ро баррасӣ карданд. Қайд гардид, ки ташаббуси мазкур дар рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҷои минтақа дар соҷаи маориф ва илм имкониятҳои навро пеш меорад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ­– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳаи маорифи дигар давлатҳо, аз ҷумла, Чин ҳамасола тақвият меёбад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram