РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол коргоҳи дӯзандагию қолинбофиро ба истифода доданд

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд коргоҳи дӯзандагию қолинбофиро ба истифода доданд.

Иншооти мазкур аз ҷонби Корхонаи Воҳиди Давлатии “Нури Ховар” бунёд гардида, самти асосии фаъолияти он дӯзандагию қолинбофӣ мебошад ва бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидааст.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ қариб 15 зану духтари хонанишин ба кор ҷалб гардида, ба дӯхти сару либоси ягонаи мактабӣ, корӣ, рахти хоб ва либосҳои гуногуни миллӣ машғуланд.

Коргоҳи дӯзандагӣ дорои 12 мошинаи дарздӯзӣ, бурандагӣ, дарзмолкунӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ аст.

Дар коргоҳи қолинбофӣ низ дастгоҳҳои муосир, таҷҳизот барои печонидани ресмон васлу насб карда шудааст, ки бо истифода аз он қолинҳои хушсифат бофта мешаванд.

Дар коргоҳ қариб 600 ҷуфт либосҳои гуногун ва қолинҳои дастии хушсифат истеҳсол намудан мумкин аст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар айни замон дар коргоҳи қолинбофӣ 5 намуди қолин истеҳсол гардида, ашёи хом, аз ҷумла ришта аз хориҷи мамлакат ворид мегардад.

Сифати қолинҳои коргоҳ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ буда, мувофиқ ба талаботи бозор истеҳсол карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони коргоҳи мазкур суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ҳидоят намуданд.

Занону бонувони хонанишини шаҳри Истиқлол дар навбати худ ба Пешвои миллат ҷиҳати фароҳам намудани шароити мусоиди кору зиндагӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки фаъолиятро дар ин коргоҳи тозабунёд боз ҳам беҳтар ба роҳ мемонанд.

Бунёди коргоҳи мазкур, ки дар доираи корҳои созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омадааст, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии сокинони шаҳри Истиқлол нақши созанда дорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram