РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд. Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» доир мегардад

Аз 3 то 10 апрели соли 2023 дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукуҳӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд» гузаронида мешавад. Дар ин бора аз маъмурияти китобхона хабар доданд.

Дар доираи фестивали мазкур гузаронидани чорабиниҳо ба истиқболи 145-солагии устод Садриддин Айнӣ, 95-солагии Гулчеҳра Сулаймонӣ, 100-солагии Аминҷон Шукуҳӣ, 90-солагии Озод Аминзода, намоиши китобу матбуот, мулоқоту вохӯриҳо бо аҳли адаб, маҳфилҳои «Шоҳномахонӣ», «Ҳофизхонӣ» ба нақша гирифта шудааст.

Маросими ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» 10 апрел дар китобхонаи бачагонаи вилоятӣ сурат мегирад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram