РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод хати оби нӯшокиро барои таъмини 1800 нафар аҳолӣ ба истифода доданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин мавзеъ бо сохтани чоҳи амудӣ дар чуқурии 150 метр ба воситаи насоси махсуси обкашӣ оби нӯшокӣ бароварда шуда, дар натиҷа беш аз 430 оила, яъне 1800 нафар аҳолии деҳаи Зарафшон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ пайдо намуд.

Ҳамзамон тавассути хати оби нӯшокӣ муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустии ин деҳа бо оби хушсифати нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Бо сохтани хати оби нӯшокӣ мушкилоти қаблии деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод вобаста ба таъмин будан бо оби нӯшокӣ ҳалли худро ёфт.

Дар партави ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти маҳаллӣ дар ин деҳа хати оби нӯшокӣ ба дарозии беш аз 2 километр бунёд гардид ва ба ҳамаи кӯчаю маҳаллаҳои деҳаи Зарафшон хати об оварда, нуқтаҳои обгирӣ ташкил карда шуданд.

Татбиқи якчанд лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шаҳодати ин аст, ки сол аз сол масъалаи таъмини оби нӯшокӣ ҳалли худро меёбад.

Таъмини сокинони деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод бо оби ошомидании аз ҷиҳати экологӣ тоза самараи Истиқлоли давлатӣ ва амалӣ гардидани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии Давлату Ҳукумат мебошад. Ин тадбири муҳим мояи хушҳолии хурду бузурги ноҳияи Зафаробод гардида, аҳолии деҳаи Зарафшон ба Сарвари давлат изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram