РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалии мероси таърихии Фирдавсӣ баргузор мешавад

Ба ифтихори мероси таърихии Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе конфаронси бузурги байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар он иштироки олимони барҷаста аз чандин кишварҳои ҷаҳон дар назар аст. Дар ин бора аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, бори аввал аст, ки дар чунин рӯйдод на танҳо муассисаҳои барҷастаи илмии кишварҳои Тоҷикистону Эрон, балки муҳаққиқон аз кишварҳои Швейтсарияву Фаронса ширкат хоҳанд кард.

Дар он мавзуъҳои ҷуғрофиёии фарҳангӣ, нақди матну қавмнигорӣ дар мисоли Шоҳнома баррасӣ хоҳанд шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram