РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод хоҷагии моҳипарвариро ифтитоҳ намуданд

31 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти хоҷагии моҳипарварӣ ифтитоҳи расмӣ бахшиданд.

Ба ҳавзҳои моҳипарварӣ аввалин моҳичаҳо сар дода шуданд.

Хоҷагиҳои кооперативҳои тиҷоратии “Саховати Куруш” ва “Мир Темур” бо истифода аз мавзеи мутобиқ дар соҳили дарёи Сир ба таъсиси ҳавзҳои моҳипарварӣ иқдом намуданд.

Тибқи лоиҳа, таҷҳизоти ҳавзҳо истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, бо усули шинокунанда сохта шудаанд, яъне бо пасту баланд шудани сатҳи об ин ҳавзҳо барои ҳаёти физиологии моҳӣ мусоидат мекунанд.

Шумораи ҳавзҳои моҳипарварӣ 10 адад буда, ҳар яке бо андозаи 5 метр ба 2,5 метр дар канали обрасонии “Фарҳод” насб карда шудааст.

Дар марҳилаи аввал дар ин ҳавзҳо 20 ҳазор моҳӣ парвариш меёбад ва тибқи нақшаи тиҷоратии соҳибкорон, минбаъд навъу намуд ва миқдори моҳӣ зиёд карда мешавад.

Ин нахустин хоҷагии моҳипарварӣ дар ноҳияи Зафаробод буда, Сарвари давлат ба хоҷагидорону соҳибкорон дастуру маслиҳат доданд, ки бо истифода аз шароити мусоиди соҳили Сирдарё ва минтақаҳои шафати иншооти ирригатсионии ноҳия ҳавзҳои моҳипарварӣ ташкил намоянд.

Хоҷагидорону соҳибкорон бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои муқарраргардида ба таъсиси хоҷагию ҳавзҳои моҳипарварӣ ҳавасманданд.

Сарвари давлат зимни сафарҳои корӣ дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таъсиси хоҷагиҳо ва бунёди ҳавзҳои моҳипарварӣ асос гузоштаанд.

Тайи солҳои охир дар вилоят моҳипарварӣ рушд ёфта, то ин давра 33 хоҷагии моҳипарварӣ бо 43 222 гектар масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ амал мекунад.

Истеҳсоли гӯшти моҳӣ давра ба давра зиёд гардида, соли 2022 дар вилоят 894 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол карда шудааст.

Таъсису ташкили чунин хоҷагию ҳавзҳои моҳипарварӣ ба рушди соҳа, афзоиш додани моҳии саноатӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо гӯшти парҳезии моҳӣ мусоидат менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram