РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳусейнзода Музаффар бо раиси Шӯрои директорони Палатаи савдо ва саноати Умон мулоқот намуд

29 марти соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнзода Музаффар бо раиси Шӯрои директорони Палатаи савдо ва саноати Умон Шайх Файсал бин Абдуллоҳ Ал-Равос мулоқот намуд. Дар ин бора аз вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масъалаҳои ҷалби сармоягузорони умонӣ ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, афзоиш додани ҳаҷми табодули тиҷоратӣ байни ду кишвар, инчунин баргузории форумҳои соҳибкорӣ ва намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram