РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Тоҷикистон таҳти унвони «Дунёи саодат» Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ доир мешавад

Аз 1 апрел то 15 май дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила таҳти унвони «Дунёи саодат» Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ дар се давр баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд..

Даври якум аз 1 то 12 апрел дар сатҳи маҳал (яъне шаҳру ноҳияҳое, ки ансамбли оилавӣ доранд) баргузор мешавад.

Даври дуюм аз 17 апрел то 7 май дар маркази минтақаҳои ҷумҳурӣ бо иштироки гурӯҳи корӣ-эҷодии Вазорати фарҳанг доир мегардад.

Даври ниҳоӣ ва барномаи фарҳангии гулчини Фестивал 15 майи соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев гузаронида мешавад.

Ҳадаф аз баргузории Фестивали мазкур- рушди фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, ҷалби ҳарчӣ бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши оила дар тарбияи комили ҷавонону наврасон, эҳсоси ватандӯстиву фарҳангпарварӣ, зебоипарастию эҷодкорӣ дар байни аҳолии мамлакат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 15 май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила маҳсуб мешавад, ки он соли 1994 бо қарори Ассамблеяи генералии СММ эълон гардидааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram