РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе ғолиби олимпиадаҳои фаннии муассисаҳои таълимии шаҳр қадрдонӣ шуданд

Дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюм (шаҳрӣ)-и олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баргузор карда шуд. Зимни он 219 хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки ҷойҳои фахрии олимпиадаҳои фанниро сазовор шудаанд, қадрдонӣ гардид. Дар ин бора аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар он ғолибони олимпиада оид ба «Шоҳмот», олимпиадаи даставии «Истеъдод» ва «Spelling bee» ва олимпиадаҳои фаннӣ аз рӯйи 8 номинатсия қадрдонӣ карда шуд.

Ҷамъбаст ва натиҷагирии даври сеюми олимпиадаҳои фаннии хонандагон нишон дод, ки ноҳияи Сино бо гирифтани 499 ҷойи ифтихорӣ мақоми аввал, ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо гирифтани 189 ҷойи ифтихорӣ мақоми дуюм, ноҳияи Фирдавсӣ бо гирифтани 157 ҷойи ифтихорӣ ва ноҳияи Шоҳмансур бо 134 ҷойи ифтихорӣ мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Дар маросими мазкур роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва масъулини сохторҳои маорифи пойтахт иштирок намуданд.

Ташкили озмуну олимпиадаҳо яке аз воситаҳои муҳими дарёфти хонандагони боистеъдод ва лаёқатманд буда, дар ин самт бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои судманду муассир амалӣ гардида, дар пойтахт мунтазам ҳаракати олимпии хонандагон вусъат ёфта, шумораи бештари хонандагонро фаро гирифта истодааст.

Танҳо ҳамин сол дар пойтахт 8 намуд олимпиадаи гуногуни фаннӣ ва зеҳнӣ бо ҷалби зиёда аз 5000 хонандаи синфҳои 5-11 баргузор гардид, ки ин нишондиҳанда аз солҳои қаблӣ ба маротиб бештар аст. Дар ин сабқатҳо аз чор ноҳияи пойтахт 5356 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 980 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардид, ки 183 нафар хонандаи синфҳои 11 мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram