РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Соҳибкорони Тоҷикистон ва Россия табодули таҷриба менамоянд

10 апрели соли 2023, дар меҳмонхонаи “Руми” дар толори Балх, вохурии дуҷонибаи (B2B), миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони вилояти Олтойи Федератсияи Россия, баргузор мегардад. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноат Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати тиҷоратии вилояти Олтой 6 ширкату корхонаҳои калону, миёна ва бонуфузро дар бар гирифта, бо мақсади дидан намудан аз имкониятҳои соҳибкориву сармоягузории кишварамон ва пайдо намудани шарикони худ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташриф меоранд.

Ширкатҳои мазкур дар соҳаҳои истеҳсоли шинаҳо ва камераҳо барои мошинҳои сабукрав ва боркаш, агрегатҳои маҳлул барои тайёр кардани нуриҳои комплексӣ, маҳсулотҳои косметикӣ, хизматрасониҳои логистикӣ, нӯшокиҳои ташнашикан (оби гандум, квас, лимонад, оби минералӣ ва нӯшокиҳои бе газ), маҳсулоти экологӣ ва кишоварзӣ, ва ғайра иштирок менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram