РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе. Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз гардид

2 апрел дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бахшида ба Рӯзи байналмилалии китоби бачагона Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!» оғоз гардид. Фестивали мазкур то 9 апрел идома меёбад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар дод.

Пеш аз оғози Фестивал дар саҳни Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар намоиши китоб таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!» доир гардид, ки дар он садҳо номгўи асарҳои бачагона аз адабиёти тоҷик ва ҷаҳон ба намоиш гузошта шуд.

Ҳамчунин дар ин макон намоиши дастранҷи кўдакону наврасон, фурўши китобу рўзнома ва маҷаллаҳои тозанашр доир гардид. Иштирокдорони Фестивал дар ин ҷо имкони тамошои порчаҳоро аз намоишномаҳои Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лўхтак» ва Сирки давлатии Тоҷикистон пайдо карданд.

Хонандагон аз ашъори шоирон оид ба мутолиаи китоб ва дўст доштани ин шуғл шеър қироат намуданд. Кўдакону наврасон бо адибони шинохтаи тоҷик суҳбат намуда, таассуроти хешро доир ба китобҳои хондаашон баён намуданд.

Рўзҳои дигари Фестивал ва ҷамъбасти он тибқи нақшаи китобхонаҳои ҷумҳурӣ, бо иштироки адибон, олимон ва коршиносони соҳа дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Роғун, Ваҳдат ва ноҳияҳои Шаҳринав, Рўдакӣ ва Файзобод баргузор мегарданд.

Аз таърихи Рӯзи байналмилалии китоби бачагона

Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, 2 апрел гузаронидани Рӯзи байналмилалии китоби бачагона ба зодрӯзи нависандаи бузурги достонҳои кӯдакона Кристиан Андерсени даниягӣ иртибот дорад. Шӯрои Ассотсиатсияи байналмилалии кӯдакон ва ҷавонон (International Board on Books for Young People, IBBY) қарор кард, ки маҳз дар зодрӯзи ин нависандаи дӯстдоштаи бачаҳо гузаронидани ин рӯз барояшон хотирмон хоҳад буд. Бо қарори ташкилоти мазкур шуруъ аз соли 1967 ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамасола 2 апрел Рӯзи байналмилалии китоби бачагонаро бо баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ доир менамояд.

Таҷлили Ҳафтаи китоб дар Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ин рӯз дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» доир мегардад. Ба иттилои мутахассисон, ҳадаф аз баргузории ин сана ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Асарҳои бачагонаи адибони тоҷик

Китоб аз замонҳои хеле қадим чун сарвати бебаҳои ҳар қавму миллат, воситаи асосӣ ва муҳими таълиму тарбия, дӯсти беғараз ва роҳнамо ба сўйи маърифату дониш муаррифӣ гардидааст.

Инчунин асари «Саргузашти Собир»-и С. Улуғзода ва «Субҳи ҷавонии мо», «Тобистон»-и Пӯлод Толис, «Занбӯри айнакдор»-и Абдумалик Баҳорӣ ва «Саргузашти Сафар махсум»-и Ҳабибулло Назаров ва дигаронро ном бурдан мумкин аст, ки барои бачагон асарҳои хуб маҳсуб мешаванд. Инчунин адибон Азизи Азиз, Баҳманёр, Ато Мирхоҷа, Равшани Ёрмуҳаммад, Маҷид Салим ва дигарон барои бачагон қиссаҳои хеле ҷолиб навиштаанд, ки хонандагон бояд инҳо ва чандин асарҳои дигарро мутолиа намоянд.

Таъсиси китобхонаҳои замонавӣ

Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ китобхонаҳои наву замонавӣ сохта, ба истифода дода шудаанд, ки ҳар хонандаи закӣ ва хушзавқ метавонад дар толорҳои махсуси китобхонӣ адабиёти дӯстдошта ё даркорияшро бемалол мутолиа намояд. Аз ҷумла, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар барои тарбияи насли наврас ва донишандӯзии онҳо соли 1974 таъсис шуда буд.

Солҳои аввал захирааш аз ҳисоби давлат ва шоиру нависандагони Тоҷикистон пурра мешуд. Масалан, аввалин бор шоири маҳбуби бачагон шодравон Мирсаид Миршакар ба китобхона 289 нусха китоб туҳфа намуда буд.

1 феврали соли 2003 Китобхонаи давлатии бачагона барои поси хотир ва қадрдонии хидматҳои шоён ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар гузошта шуд.

Дар ин китобхона кӯдакон метавонанд асарҳои адибони дӯстдоштаашонро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мутоила намоянд.

Бояд гуфт, ки китобхонаи мазкур ба тарбияи кӯдакону наврасон машғул буда, барои мутоилаи кӯдакон бисёр корҳои тарғиботиву таблиғотӣ мегузаронад. Аксарияти чорабиниҳои гузаронида ба адабиёти бачагона марбут мебошанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram