РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи Пушкин намоиш ва фурӯши китоб баргузор гардид

Дар арафаи фестивали ҷумҳуриявии Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон имрӯз дар Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А. С. Пушкини ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб » намоиш ва фурӯши китоб баргузор гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Роҳбари корхонаи мазкур Содиқи Завқӣ иштирокчиёни озмунро, ки дар он садҳо номгӯи асарҳои бачагона аз адабиёти тоҷик ва ҷаҳон ба намоиш гузошта шуда буд, шиносоӣ намуда, зикр кард, ки мақсади асосии баргузор намудани намоиш ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккули беҳтарин малакаҳои хониш, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву худогоҳӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Ёдовар бояд шуд, ки Фестивали имсола ба ифтихори 145- солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ баргузор гардида истодааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram