РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тозанашр: «Усулҳои тавлид, интиқол, истифода ва сарфаи энергияи электрикӣ»

Муассисаи нашриявии «Ирфон» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) таҳти унвони «Усулҳои тавлид, интиқол, истифода ва сарфаи энергияи электрикӣ» китоби нав ба нашр расонид. Дар ин бора аз муассисаи мазкур хабар доданд.

Ин дастури илмӣ–амалӣ  дар матбааи ҶДММ «Сифати чоп» бо теъдоди қариб 500 нусха ба табъ расидааст.

Тавре директори Муассисаи нашриявии «Ирфон», муҳаррири библиографӣ, номзади илмҳои педагогӣ Қурбон Ғуломзода иттилоъ дод, «дар ин дастур маълумоти ибтидоӣ дар бораи усулҳои  тавлид, интиқол, истифода ва сарфаи энергияи электрикӣ  дар манзили истиқоматӣ, корхонаю ташкилот, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ ва дигар ташкилот, новобаста ба шакли моликияташон гирд оварда шудааст. Аз ҷумла, маълумоти мухтасар дар бораи мафҳуми ҷараёни электрикӣ, тавлид ва тарзи интиқоли он ба ҳар хонадон ва корхона, занҷири электрикии одӣ ва ҷузъҳои он, сохти электрикии баъзе таҷҳизоти электрикии хона, маълумоти ибтидоӣ дар бораи кори манбаъҳои  барқароршаванда ва барқарорнашавандаи энергия, муҳофизакҳо ва ҳимоятгариҳои худкор (автоматӣ) пешниҳод шудааст».

Муқаддимаи дастури илмӣ-амалӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ навишта шудааст.

Китоби  илмӣ-амалии «Усулҳои тавлид, интиқол, истифода ва сарфаи энергияи электрикӣ» барои ҳамаи истифодабарандагони неруи барқ, устодону донишҷӯёни соҳаи табиатшиносӣ, илмҳои дақиқ ва риёзӣ дастури хуби корию омӯзишӣ ба шумор меравад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram