РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид

29 март бахшида ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи «Энергияи сабз ва ҳифзи экосистемаҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки васеи олимону муҳаққиқон аз донишгоҳҳои мухталифи ҷумҳурӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Иштирокдорон оид ба ташаббусҳои беназири Президенти мамлакат дар самти масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ибрози назар намуданд. Гуфта шуд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурӣ ва роҳбари ташаббускор оид ба масъалаҳои ҷаҳонӣ вобаста ба масъалаҳои об ва ҳифзи захираҳои об эътироф гардидаанд, ки ин мояи ифтихор ва сарбаландии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад».

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз намуда буданд, «Тоҷикистон дорои сарвати азими истифоданашудаи гидроэнергетикӣ буда, аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра ҷойгир аст. Истифодаи чунин захираҳо яке аз заминаҳои асосии ташаккул ёфтани «иқтисоди сабз» ба ҳисоб рафта, идоракунии самараноки унсурҳои дигари он, аз ҷумла захираҳои обӣ, экология ва рушди устуворро таъмин менамояд».

Дар конфронс дар мавзуъҳои «Ҷумҳурии Тоҷикистон пешоҳанги омӯзиши пиряхҳо дар ҷаҳон», «Давраҳо ва равандҳои глобалии экологии рушди босуботи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Пиряхҳо- танзимкунандаи оби ширин дар сайёраи Замин» ва ғайра маъруза пешниҳод гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram