РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Сулаймонӣ маҳфили адабӣ-фарҳангӣ баргузор шуд

4 апрел дар Китобхонаи шаҳрии Абулқосим Лоҳутӣ дар доираи Фестивали Ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бахшида ба 95 солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Сулаймонӣ маҳфили адабӣ-фарҳангӣ, таҳти унвони «Ҷои ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст» доир гардид. Дар ин бора аз Китобхонаи шаҳрии Абулқосим Лоҳутӣ хабар доданд.

Дар маҳфил адиби бачагона — раиси ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Истиқбол» Латофат Кенҷаева, Шоири халқии Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ, роҳбарияти китобхонаи мазкур хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ ва муассисаи тахсилоти миёнаи умумии Гимназияи №74 иштирок намуданд. Илова бар ин аз рӯи офаридаҳои Гулчеҳра Сулаймонӣ ва дигар адибону олимон намоиши китоб таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» баргузор шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram