РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Кӯшониён: даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» доир шуд

4 апрели соли 2023 бомақсади тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, гиромидошти арзишҳои асили фарҳангӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ,баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун дар маркази ноҳияи Кӯшониён даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён хабар доданд.

Дар даври ноҳиявӣ ҳамчун ҳакамон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Меҳриниссо Холмуродова, намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раҷабзода Бибираҷаб корманди шӯъбаи АҲШ Раёсати адлияи вилояти Хатлон ва устоди рақс Султон Қурбонзода инчунин шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон варзиш, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия, бахши САҲШ дар ноҳия ва занону ҷавондухтарони ташкилоту идораҳо ширкат варзиданд.

Даври ноҳиявии Озмун аз 6 номинатсия 1. Намоиши либосҳои қадимаи чакан. 2. Намоиши либосҳои кӯдакона. 3. Намоиши либосҳои рӯзмара. 4. Намоиши либосҳои маросими ва идона. 5. Намоиши либосҳои расмӣ. 6. Намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ иборат буд. Аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо иштирокчиён фаъолона баромад намуда, аз тарафи ҳайати ҳакамон баҳои баланд гирифта, барои дар даври вилояти иштирок намудан, номнавис гардиданд. Дар рафти чорабинӣ, аз тарафи кумитаи тадорукоти ноҳиявӣ ба иштирокчиёни фаъол Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар вазъиятӣ тантанавӣ супорида шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram