РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тозанашр: “Этнолингвистикаи тоҷик: пажӯҳиши назариявӣ ва амалӣ”

“Этнолингвистикаи тоҷик: пажӯҳиши назариявӣ ва амалӣ” -таҳти чунин унвон китоби тозанашри вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саодатшо Матробиён дастраси хонандагон гардид. Дар ин бора аз хабар “Этнолингвистикаи тоҷик: пажӯҳиши назариявӣ ва амалӣ” -таҳти чунин унвон китоби тозанашри вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон доданд.

Тавре аз муқаддимаи китоб бармеояд, он ба афкори этнолингвистии тоҷик ва таърихи ташаккулу пажӯҳишҳои амалии он бахшида шудааст. Дар ин китоб назарияҳои гуногуни олимон доир ба этнолингвистика ва тасвири ҷаҳон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифта, боби сеюми китоб пажуҳишҳои назарӣ ва амалии этнолингвистиро дар забоншиносии тоҷик фаро мегирад.

Китоб барои донишмандон, мутахассисон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон ва дӯстдорони забону фарҳанги тоҷикон пешбинӣ шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram