РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд

Имрӯз, 5 апрел Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи ин сафар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев баргузор гардида, маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки 4 апрел дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор гардид.

Дар Форум имконияти сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаҳои саноат, савдо, энергетика, сайёҳӣ, бахши хусусӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон муаррифӣ карда шуд.

Дар доираи Форум ба доираҳои соҳибкорию сармоягузории Озарбойҷон фазо ва имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо тавассути монитор рӯнамоӣ ва муаррифӣ карда шуд.

Ҳамчунин санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ду давлат ба имзо расонида шуд. Инчунин мулоқоти доираҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар сиғаи B2В –соҳибкор бо соҳибкор баргузор гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram