РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе. Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид

5 апрел дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо иштироки намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва маъмурияти Муассиса маросими ҷамъбаст ва ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҷуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз муассисаи мазкур хабар доданд.

Бояд зикр кард, ки озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавии наврасон байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ташкил ва гузаронида шуд.
Озмун тибқи Низомномаи тасдиқгардида аз рӯйи 4 (чор) номинатсия:

  • қироати ифоданоку таъсирбахши порчаҳо аз рӯйи қисматҳои «Шоҳнома»;
  • дарки маънии порчаҳои азёднамуда ва шарҳу тавзеҳи байтҳои алоҳида, луғатдонӣ;
  • тасвири расми беҳтарин аз рӯйи корномаҳои қаҳрамонҳои «Шоҳнома»;
  • намоиши саҳнача аз рӯйи достонҳои «Шоҳнома» байни хонандагони синфҳои 5-8 ва 9-11 баргузор гардид ва баъди хулосабарории ҳайати ҳакамон ғолибон даври шаҳрӣ муайян гардиданд.
    Ғолибон дар вазъияти тантанавӣ бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардонида шуданд.
Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram