РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бахшида ба рӯзи таъсиси Радиои Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд

6 апрели соли равон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи таъсиси Радиои Тоҷикистон ҷамъобад баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Кумита, меҳмонон ва кормандони соҳа иштирок намуданд.

Нахуст, аз Хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон овозҳои шахсиятҳои маъруфи кишвар, собиқадорони радио ва дигар нафароне, ки дар ғанӣ гардидани ин ганҷина саҳм гузоштаанд, шунида шуд.

Сипас, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид тамоми кормандон ва иштикордорони ҷамъомадро ба ин рӯзи муҳим ва таърихӣ табрик намуда, аз ҷойгоҳ ва дастовардҳои Радиои “Тоҷикистон” дар замони Истиқлол ёдовар гардид. Таъкид намуд: “Радиои замони истиқлол мазмуни миллӣ касб кард, маҷмуи масъалаҳои умумимиллӣ муҳтавои барномаҳоро ташкил намуданд, тарғиби сиёсати Пешвои миллат, озодиву истиқлол, ҳамбастагӣ барои таҳкими амният, оид ба масоили печидаи умумбашарӣ расидан ба ҳусни ният, бозтоби мушкилоти муосири башарият ва таҳкими суботу амният пайваста дар меҳвари барномаҳо қарор доранд.”.

“Радиои “Тоҷикистон” дар тули солҳои фаъолият расонаи мазкур ба мардум сабақи зиндагиву дарси худшиносӣ, донишу маърифат омўхт, моро ба гузаштаи пурифтихори худ шиносонд, бо барномаву гуфторҳои ҷолибу гуногунмуҳтаво ба маъвои дили муштариён раҳ ёфт. Имрўз дар ин даргоҳи меҳрдаҳҳо нафар эҷодкорон, муҳаррирон, коргардонҳо, садобардоронва кормандони техникӣ фаъолият намуда, ба хотири бахшиданиғизои маънавӣ ба аҳли ҷомеа садоқатмандона заҳмат мекашанд”, — иброз дошт Раиси Кумита Нуриддин Саид.

Дар ҷамъомад ёдоварӣ шуд, ки агар замони соҳибистиқлолии мамлакатро давраи рушди ҳамаҷонибаи Радиои “Тоҷикистон” гӯем хато намешавад. Маҳз дар ҳамин давра он бо техникаи рақамӣ муҷаҳҳаз гардида, ба кори шабонарӯзӣ шуруъ намуд. Дар ҳақиқат радио дар замони муосир яке аз воситаҳои расонидани иттилоот  ба ҷомеа эътироф гардида, дар инъикоси воқеоти рӯзгор, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолат ва дӯстию рафоқат нақши муассир дорад.

Ҳамчунин, бахшида ба ин рӯз чанд нафар бо нишони “Аълочии телевизион ва радио”, сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Ҷамъомад бо барномаи фарҳангии омода намудаи дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва раидиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз ҳамчунин дар назар аст, ки бахшида ба ин рӯзи таърихӣ дар Кумитаи телевизион ва раидиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Радиои муосири тоҷик: вазъ ва дурнамо” конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram