РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ сокинон ба ташхис ва муоинаи ройгон фаро гирифта мешаванд

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ пагоҳ, 7 апрели соли равон аз соати 8.00 то соати 14.00 дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бо иштироки устодону профессорон ва мутахассони баландпояи соҳавӣ чорабинии умумиҷумҳуриявии ташхис ва муоинаи ройгони шаҳрвандон гузаронида мешавад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар доданд.

Дар доираи чорабинии мазкур, ки ҳамзамон дар дигар муассисаҳои калонтарини мамлакат баргузор мегардад, ҷиҳати пешгирии беморшавӣ дар байни аҳолӣ мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб ба шаҳрвандон машварат, муоина ва дигар чорабиниҳои ташхисӣ ба таври ройгон мегузаронанд.

Ҳамзамон, аз ҷониби устодони муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ сӯҳбатҳо ва машваратҳои тахассусӣ баргузор хоҳад шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram