РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳайти Туркманистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд

Имрӯз ҳайти Ҷумҳурии Туркманистон иборат аз аҳли фарҳанг, санъат, телевизион ва радио дар доираи сафари хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллӣ боздид ба амал оварданд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ва дигар шахсони масъул дар саҳни муассиса пешвоз гирифта, аз ҷониби роҳбалад ба онҳо сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.

Ба ин восита, ба меҳмонон таърихи пурифтихори миллати тоҷик дар мисоли бозёфтҳои марбут ба “Асри санг”, “Асри биринҷ”, “Ҳахоманишиҳо”, “Юнону Бохтар”, “Кушониён”, “Сосониён”, “Панҷакенти қадим”, “Мероси хаттӣ”, “Аҷинатеппа”, “Сомониён”, “Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ” ва толори “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” муаррифӣ карда шуданд.

Дар охир ҳайати Ҷумҳурии Туркманистон аз тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ ва шиносоӣ бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик изҳори хушҳолӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram