РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Директори Китобхонаи миллӣ бо мушовири сафири Русия дар Тоҷикистон мулоқот намуд

6 апрел мушовири сафири Россия дар Тоҷикистон Дмитрий Петров ва Президенти Фонди байналхалқии “Ягонагии маънавиёти халқҳо”, профессор Валерий Алексеев  ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар ин бора аз китобхонаи мазкур хабар доданд.

Меҳмононро директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумахон Файзализода қабул намуд. Дар мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳо ва муносибатҳои фарҳангӣ ва адабии Тоҷикистону Руися сухан карданд.

Директори Китобхонаи миллӣ ба меҳмонон дар бораи робитаҳои байналмилалии муассиса, созишномаҳо бо китобхонаҳои хориҷӣ маълумот дод ва ҳамкории Китобхонаи миллиро бо муассисаҳои фарҳангии Федератсияи Русия, аз ҷумла бо китобхонаҳои маъруфи ин кишвар таъкид намуд.

Дар поёни мулоқот меҳмонон ба Китобхонаи миллӣ, шароитҳои он аз наздик ошно шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram