РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«Сад ранги чакан». Дар ноҳияи Сангвор даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид

Даври дуюми фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” дар маркази ноҳияи Сангвор бо иштироки сардорони ташкилоту муассисаҳо ва занону бонувони фаъол гузаронида шуд.

Дар ноҳияи Сангвор ин чорабинии фарҳангӣ бо риояи талаботи Низомномаи он доир шуда, наминатсияҳои беҳтарин ба даври вилоятӣ, ки охири моҳи апрел ба нақша гирифта шудааст, баргузор мегардад.

Озмун бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ барои соли 2023 бо мақсади баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, расму оинҳои миллию мардумӣ, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик ва тарғиби либоси миллӣ баргузор гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram