РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хуҷанд: Ба бунёди осоишгоҳи солимгардонӣ, чойхона, маркази ташхиси тиббӣ санги асос гузошта шуд

Ба истиқболи 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили рости дарёи Сир, кўчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Абўалӣ Исматов маҷмааи хонаи баландошёна бо чойхона, маркази ташхисии тиббӣ, осоишгоҳ бунёд карда мешавад. Лоиҳакаши иншоот «Бунёдгари Суғдзамин» буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Авитсенна” ба анҷом расонида мешавад. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо лоиҳаи иншоот шинос гардида, ба он санги асос гузошт.

Раҷаббой Аҳмадзода ташкили чунин иншооти сайёҳӣ ва хизматрасониро ба манифати умум ва заминаи муосид барои ташкили ҷойҳои нави корӣ арзёбӣ намуд.

Ба сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи ватанӣ дастуру супоришҳо дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram