РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хатлон. Фестивали вилоятӣ таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст шуд

Имрӯз дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар даври ҷамъбастии фестивали вилоятӣ таҳти унвони «Сайри гули лола» бо иштироки масъулини вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар ҷамъбасти фестивали мазкур муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло ба сухан баромада, қайд намуд, ки ба ҳолати 28 марти соли 2023 ба миқдори 788949 бех ниҳолҳо, аз ин миқдор 396863 бех дарахтони сояафкан, 210607 бех ҳамешасабз, 181479 бех ороишӣ, гулу гулбуттаҳо 7764614 бех, аз ин 1202965 дона лола, 1122310 бех садбарг ва 5439339 бех гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст. Ҳамзамон иброз дошт, ки фестивали мазкур баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳаллаҳо, ҳамзамон ҷиҳати ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадами гулпарварӣ ва зебоипарастӣ ба шумор меравад.
Дар охир ба 30 ғолиби фестивали вилоятии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» барои соли 2023 аз рӯйи номинатсияҳои «Гулпарвари беҳтарин, гулгашт ва хиёбон, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак, ноҳия ва шаҳр» бо Диплом-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар номинатсияҳои «ноҳия» ноҳияи Данғара сазовори ҷои якум, ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ ҷои дуюм ва ноҳияи Хуросон ҷои сеюм, аз рӯйи номинатсияи «шаҳр» шаҳрҳои Кӯлоб ҷои якум, Бохтар ҷои дуюм ва Норак ҷои сеюм, «ташкилоту муассисаҳои вилояти»: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сазовори ҷои якум, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сазовори ҷои дуюм ва Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи А. Буриев сазовори ҷои сеюм гардида, бо Диплом қадрдонӣ карда шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram