РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Корҳои омӯзишӣ-ҳафриётӣ дар ёдгории Мақбара-сағонаи ҳудуди шаҳри асримиёнагии Ҳулбук

Мақбара дар қисми ҷанубии қасри Ҳулбук ҷойгир буда, бо девори мудофиавии қаср пайваст мебошад. Солҳои 2005-2006 ҳафриётҳои бостоншиносӣ аз тарафи Хоҷазода Ш., Хоҷазода А., Филимонова Т. ва Ахметзянев М. гузаронида шудааст.

Моҳи феврали соли 2023 экспидитсияи муштараки бостоншиносӣ (ҳафриётӣ-поккорӣ) аз ҷониби мутахассисони МД “Осорхонаи милӣ”, АМИТ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Мақбара гузаронида шуд.

Дар натиҷаи корҳои ҳафриётӣ-поккории ҳудуди ёдгорӣ маълум гардид, ки Мақбара аз 5 ҳуҷра иборат буда, андозаҳои ёдгорӣ 19,9 метр ба 6,8 метрро ташкил медиҳад. Дар ҳуҷраи 2-юми қисмати ғарбии ёдгорӣ сағона ҷойгир шудааст. Сағона шакли чоркунҷа дошта, дар маркази ҳуҷра ҷойгир шудааст. Сағона дар чуқурии 2,85 метр, деворҳо, фарш ва сақфи он аз хишти пухта бунёд шуда, андозаҳои сағона 3,25 метр ба 1,25 метрро ташкил медиҳад. Дар қисмати болои сақф аз хишти пухта чоркунҷае бо андозаи 1,3 метр ба 1метр сохта шуда, дар маркази он сутуни гирд, ки андозаи қутри сутун 0,6 метрро ташкил медиҳад. Иншооти мазкур ҳамчун “Тақвими офтобӣ” дар ҷашни Наврӯз истифода шуда, дар ин айём болои ин сутун оташ афрӯхта мешуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram