РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Кормандони соҳа бахшида ба рӯзи таъсисёбии Радиои Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд

10 апрели соли равон дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Радиои Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар чорабинӣ директори Маркази исломшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим, ҳайати кормандони Марказ ва меҳмонони ифтихорӣ — Тоҷиддин Ризвонов – сармуҳаррири радиои бурунмарзии “Овози Тоҷик”, Иброим Ахмедов – Котиби матбуоти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Неъмати Муҳиб – муҳаррири радиои “ Садои Душанбе” ва Сайҷаъфар Ашӯров – директори радиои “ Ховар” иштирок доштанд.

Нахуст, муҳтарам Холиқзода Абдураҳим дар бораи таъсиси Радиои Тоҷикистон ба таври мухтасар маълумот дода қайд намуд, ки: » Санаи 10 – уми апрели соли 1930 нахустин бор садои радио бо ибораи «Диққат, диққат, диққат, ин ҷо Сталинобод» аз собиқ Хонаи деҳқон – макони имрӯзаи театри ба номи Маяковский дар фазои пойтахти Тоҷикистони ҷавон танин андохт.

Рӯзҳои 10 – 11 – уми апрел гуфторҳо бо пахши радиогазета ва нашри ахбор (то панҷ дақиқа) анҷом меёфтанд. Шурӯъ аз 12 – уми апрел гуфторҳои радиолексия,машқи тарбияи бадан ва барномаҳои мусиқӣ муҳтавои ҷадвали пахшро пур месохтанд. Барномаҳо аз 12 – уми апрел аз соати 7:00 то 19:00 пахш мешуданд.

Ҳамин тариқ, 13 – уми январи соли 1932 бо қарори Кумитаи Марказии Иҷроия ва Совети Комиссарони Халқи ҶШС Тоҷикистон Кумитаи радиои Тоҷикистон ташкил гардид, ки он расман 1 – уми феврали соли 1932 ба кори худ шурӯъ кард.

Радиои Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ ба ҳаёти мардум ворид шуд. Дар шаҳру деҳот нуқтаҳои радио афзуда, шаҳрвандон аз тариқи он ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва адабӣ ошно мегардиданд.

Имрӯз Радиои Тоҷикистон ба як расонаи муқтадири миллӣ табдил ёфта, ҳамчун яке аз зерсохторҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад».

Дар фарҷом, Тоҷиддин Ризвонов – сармуҳаррири радиои бурунмарзии “Овози Тоҷик”, Иброим Ахмедов – Котиби матбуоти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Неъмати Муҳиб – муҳаррири радиои “ Садои Душанбе” ва Сайҷаъфар Ашӯров – директори радиои “Ховар” барои саҳми муносиб ва ҳамкории фаъол дар самти тарғиби асосҳои илмии сиёсати давлатии муносибат ба дин ва озодии виҷдон ба муносибати 93 — солагии таъсисёбии Радиои Тоҷикистон бо Сипосномаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram