11 апрел дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мулоқоти раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо намояндагии Ширкати БТК-груп-и Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-им шаҳри Кӯлоб хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқоти масъалаҳои самтҳои соҳаи кишоварзӣ, бахусус, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти ниҳоии пахта, ба роҳ мондани фаъолияти соҳаи кишоварзӣ бо усулҳои технологияи нави замонавӣ, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.