РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДМТ. Кормандони Вазорати нақлиёт Осорхонаи Пешвои миллатро тамошо карданд

Бо мақсади бузургдошти таъриху фарҳанг ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ кормандони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 6 апрел аз Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат, воқеъ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздид намуданд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни боздиди кормандони Вазорати нақлиёт аз Осорхонаи Пешвои миллат Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Осорхонаи Пешвои миллат бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар осорхона нигораҳо доир ба давраи таҳсили Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи илму маърифат ва хизматҳои Сарвари давлат дар рушду пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон гирд оварда шудаанд.

Нахуст ҳайати кормандони Вазорати нақлиёт бо нигораҳои осорхона ва санадҳои нодир шинос шуда, сипас аз Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат боздид намуд. Дар марказ асарҳои Президенти мамлакат ва осори муҳаққиқону донишмандон, ки

корнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро инъикос менамоянд, ҷамъоварӣ шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки бузургдошти таъриху фарҳанг ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи роҳбарият қарор дошта, ба ҳукми анъана даромадааст. Ба ин хотир бо иштироки кормандони соҳа пайваста тамошои мавзеъ ва иншооти таърихию фарҳангӣ ташкил карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram