РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи экология ва захираҳои табиӣ баррасӣ шуд

10 апрели соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамзамон ҳамраиси тозатайини Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон Мухтар Бабаев баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаи танзими ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ, раванди иҷрои қарордодҳои дар сатҳи олӣ бадастомада ва санадҳои дуҷониба, инчунин густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ, нақлиётию транзитӣ ва дигар мавзӯъҳо баррасӣ гардидаанд.

Дар ҷараёни мулоқот оид ба ташкили мулоқоти коршиносони ду кишвар ва ҷалби ширкатҳои Озарбойҷон ҷиҳати иштирок дар таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистон табодули  афкор сурат гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram