РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок дорад

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаҳои баҳории (Spring meetings) Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар пойтахти Амрико — шаҳри Вашингтон иштирок дорад. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷаласаҳои баҳории (Spring meetings) Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ 10 апрел оғоз ёфта, то 16 апрел идома меёбанд.

Дар доираи сафари корӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, раиси Раёсати Бонки миллии Швейтсария, инчунин дигар шахсони масъули низоми молиявию бонкии баъзе давлатҳои ҷаҳон мулоқот менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки ҷаласаҳои баҳорӣ ҳамасола аз ҷониби Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо иштироки васеи намояндагону масъулини соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт, низоми молиявию бонкӣ, сармоягузорӣ ва энергетика баргузор мегарданд. Маъмулан дар ин ҷаласаҳо ҷанбаҳои асосии рушди иқтисоди ҷаҳон ва дурнамои он, иқтисоди “сабз”, таъмини суботи молиявӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram