РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзи пойтахт. ПАРВАРДАИ МАКТАБИ БЕНАЗИРИ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД.


Душанбе дурдонаи мамлакат буда, масъулиятшиносии Раиси ҷавон муҳтарам Рустами Эмомалӣ онро муҷалло намудааст.

Се сол қабл, замони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Рустами Эмомалӣ дар матлабе нигошта будам, ки дар шароити кунунӣ Раиси палатаи болоии парлумон интихоб шудани ин ҶАВОНМАРД оқилонаву мантиқӣ аст.
Дар робита ба ин рӯйдод таъкид карда будам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибмактабанд. Дар бораи мактаби ҷасорату мардонагӣ, сиёсатмадорӣ, бунёдкорӣ, қонунофарӣ, самимияту саховатмандӣ, дурандешиву фарҳехтагии ин АБАРМАРД таълифоти зиёде шудааст, ки ҳар кадом симои ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, меъмори сулҳи тоҷикон ва шахсияти хирадманду дурандешро бо усул ва назокатҳои хос бозгӯйӣ намудаанд.
Мактаби дигаре ҳаст, ки мутаассифона, то ин вақт аз мадди назари коршиносон то андозае дур мондааст. Ин мактаби тарбияи фарзанд буда, намунаи ибрат ва арзандаи ситоиш аст. Бидуни муболиға ва тамаллуқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори мактаби беназири тарбияи фарзанд мебошанд, ки аз файзи он соҳаҳои гуногун баракат ёфта истодаанд. Танҳо ёдовар шудан аз фаъолияти пурмаҳсул, ибтикори камназири ду дастпарвари ин мактаб — Раҳмон Озода Эмомалӣ ва Рустами Эмомалӣ моро ба воқеияти ин гуфта муътақид мекунад.
Бо гузашти вақти на он қадар зиёд муҳтарам Рустами Эмомалӣ, сарфи назар аз ҷавонии худ, дар ҷодаи сиёсат ба шарофати сармашқи кор қарор додани дастуру ҳидоят ва насиҳатҳои ПАДАР дар ҳама ҷанбаҳо комёб гардид. Маҳз дар ин замина обрӯву эътибори фарзанди арзандаи ПАДАР афзуд ва дар ниҳоди сокинони мамлакат эътимоду боварӣ ба ӯ мустаҳкамтар гардид. Касе инкор карда наметавонад, ки Рустами Эмомалӣ бо пиндору гуфтор ва рафтори намунавӣ дар қалби мардум маъво ёфтааст.
Нодида гирифтани кордониву ташаббускории Рустами Эмомалӣ ба сифати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе танҳо дар сурати нобино, ношунаво ва ноқисулақл будан имконпазир мебошад.
Номбурда дар ҳама зинаҳои фаъолият масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва ташаббускориро меҳвар қарор дода, дар ин ҷода собитқадам аст. Бо итминон метавон гуфт, қаҳрамони матлаб ба сифати дастпарвари мактаби Пешвои миллат аз имтиҳони ҷиддӣ гузашта, ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодааст.
Ин дастовардҳо сабаб шуданд, ки дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дар қалби Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд оянд. Мо бояд ба ин ҳама пешравиҳо воқеъбинона баҳогузорӣ ва арҷгузорӣ намоем.
Бамаврид аст аз фаъолияти номбурда дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати мамлакат ёдовар шавам. Таъсиси комиссия оид ба гузаронидани озмун барои хизмат дар мақомоти гумрук, пурзӯр намудани интизоми хизматӣ, дур намудани ашхоси тасодуфӣ аз мақомот, вусъат бахшидани санҷишҳои хизматӣ, барзиёд иҷро шудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, густариши раванди ошкоршавии қонунвайронкуниҳои гумрукӣ ва ғайра аз ҷумлаи пешравиҳое буданд, ки бо таъйин гардидани муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба вазифаи сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омаданд.
Ҳама хуб дар хотир дорем, ки бо ибтикори муҳтарам Рустами Эмомалӣ бори аввал дар Хадамоти гумрук қабули кормандони нав ва ишғоли мансабҳои холӣ тариқи озмун роҳандозӣ шуда буд.
Замони роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия будани номбурда мубориза бар зидди зуҳуроти манфӣ беш аз пеш вусъат ёфта, кормандони ниҳоди зикршуда на танҳо дар самти мубориза бо коррупсия, балки дар ҷодаи кашфу мусодираи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо фаъолияти қобили мулоҳиза доштанд.

Нуфуз ва иродаи шикастнопазири муҳтарам Рустами Эмомалӣ замина фароҳам овард, ки эркаҳо “аз осмон ба замин фароянд”…
Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар заминаи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъулиятшиносиву поквиҷдонии Раиси ҷавони шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ободтару зеботар гардида, ин раванд бардавом аст. Дар шаш соли охир беш аз пеш пойтахти давлати азизамон ободу зебо гардида, дастовардҳо тамоюли афзоиш касб намуданд.
Дастовардҳои муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сифати Раиси шаҳри Душанбе зиёданд. Бо ибтикори мавсуф нақшаи дурнамои вайронкунии биноҳои фарсуда, дар навбати аввал, биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордоштаро тартиб дода шуда, он давра ба давра амалӣ гашта истодааст.
Илова бар ин, сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдонҳо мутобиқи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе босуръат идома доранд.
Дар соли чоруми роҳбарии ӯ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1,9 маротиба зиёд гардида, зиёда аз 200 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз карданд.
Усули хоси роҳбарии Рустами Эмомалӣ замина фароҳам овард, ки сохтмон ва сармоягузорӣ низ дар пойтахти мамлакат бесобиқа тамоюли афзоиш касб карда, дар ин муддат 752 иншоот бо харҷи 6,8 млрд. сомонӣ бунёд гардид.
Муҳимтар аз ҳама, 231 майдончаи варзишию фароғатии замонавӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ бунёд гардиданд, ки мояи хушнудии кўдакону наврасон ва сокинони шаҳр мебошанд.
Баҳри таҷдиду навсозии роҳҳо корҳои назаррас ба сомон расида, 118,3 км роҳҳо навсозӣ ва таъмир гардида, сохтмони ду эстакада идома дорад. Дар ин самт азми Раиси шаҳр қавӣ ва нияташ нек буда, то соли 2025-ум 10 адад ва дар доираи амалишавии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе 20 чорроҳаи сесатҳа (эстакада) дар пойтахт сохта мешаванд.
Дар матлаби мазкур мо бо зикри баъзе дастовардҳои соли гузашта, ки аз ҷамъи пешравиҳо “қатрае аз баҳр” мебошад, иктифо менамоем:
Метавон гуфт, ки соли 2022 марҳилаи сифатан нави пешрафти пойтахти кишварамон ба ҳисоб меравад. Бо ибтикори муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми январи соли 2022 таҳти №309 «Дар бораи «Солҳои рушди саноат» эълон намудани солҳои 2022-2026 сохтмон ва бунёди 71 коргоҳу корхонаи саноатӣ пешбинӣ гардида, аз ин шумора дар як сол 17 корхона ба истифода дода шуданд.
Шоҳиди он будем, ки бо мақсади амалисозии ҳадафҳои миллӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти корхонаҳои муосири истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, ҳасиб, асфалтбарорӣ, сангмайдакунӣ, бетон ва қолинбофӣ оғоз бахшида шуд.
Маҳз истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ҷиҳати афзоиш ёфтани соҳаи саноати шаҳр дар соли 2022 заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар давраи мавриди назар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи коркард, аз ҷумла нассоҷӣ, дӯзандагӣ, чарм, маснуот ва пойафзол 102,5 фоиз, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маҳсулот аз чӯб, фаъолияти табъу нашр ва коғаз 123,2 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти фарматсевтӣ 2,6 маротиба, металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ 1,8 маротиба, таҷҳизоти барқӣ 1,9 маротиба ва истеҳсоли воситаҳои нақлиёт 141,1 фоиз афзуд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ин давра ба 22,5 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,1 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 19,5 фоизро ташкил дод. Тули панҷ соли охир ба шаҳри Душанбе зиёда аз 2 миллиарду 87 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд, ки 554 миллион доллари онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.
Баргузории Фестивали байналмилалии «Наврӯзи Душанбе»; Фестивали «Оби Душанбе», Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», Форуми байналмилалии «Душанбе -шаҳри имконоти рушди кӯдакон», Фестивали байналмилалии фарҳангии кӯдакону наврасон «Шукуфаҳои пойтахт» ва дигар чорабиниҳову мусобиқаҳои варзишии сатҳи баланд ибтикоре мебошанд, ки бо

ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои муаррифии шоистаи кишвар ва ҷалби бештари сайёҳон амалӣ гардиданд.
Барқарор намудани муносибати бародаршаҳрӣ бо шаҳрҳои Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ашқободи Туркманистон ва Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон идомаи мантиқии ин раванд ва тавсеабахши равобит маҳсуб мешавад.
Нишондиҳандаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар алоҳидагӣ низ рушди бесобиқаро бозгӯӣ менамояд. Барои мисол, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ соли 2022 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 517,3 млн. сомонӣ расид, ки дар қиёс ба соли 2021-ум 9 млн. сомонӣ зиёд буда, 100,8 фоизро ташкил дод.
Соли 2022 иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 577 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз нақшаи пешбинишуда 27,2 миллион сомонӣ зиёд аст.
Чунин тамоюл дар ноҳияи Сино баръало буда, иҷрои буҷети ноҳия 103 фоиз таъмин гардид. Дар ин замина ба буҷет 996 миллион сомонӣ ворид шуд, ки аз нақша 24 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ба ин монанд дар ноҳияи Шоҳмансур соли 2022 иҷрои қисми даромад аз ҳисоби андозсупорандагон 101,1 фоиз, бахши маҷмӯии даромади буҷет 106,9 фоиз таъмин гардид.
Дар баробари дигар масоил, таваҷҷуҳи муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба соҳибкасб намудани шаҳрвандон низ хоса буда, дар ин самт корҳои зиёд амалӣ гардидааст. Барои мисол, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ин раванд аз рӯйи 15 касбу ихтисос тавассути роҳхат ройгон ба роҳ монда шуда, 11 ҳазору 448 ҷойи нави кор фароҳам шуд.
Месазад ёдовар шавем, ки аз 146 корхонаи саноатии ноҳияи Фирдавсӣ 77 — тоаш истеҳсоли маҳсулотро дар қиёс бо соли 2021 зиёд намуданд. Даромади корхонаҳо дар 11 моҳи соли сипаришуда 447 миллион сомониро ташкил дод, ки ин дар муқоиса ба соли 2021 -ум 209,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Хурсандиовар аст, ки соли гузашта истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия дар маҷмӯъ 1 миллиарду 40 миллион сомониро ташкил дод, ки ин дар қиёс ба соли 2021 -ум 22,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ноҳияи мазкур тибқи нақша — чорабиниҳо оид ба таҷлили 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди 102 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 7140 ҷой, 10 муассисаи томактабӣ барои 2020 ҷой, 23 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва марказҳои замонавии савдою хизматрасонӣ дар назар аст.
Дар давраи зикршуда 243 корхонаи ноҳияи Сино ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки 121,8 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин ноҳия ба 1,3 миллиард сомонӣ баробар гардида, дар масоҳати 126 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ бунёд шуд.
Ин нишондиҳандаҳо дар ноҳияи Шоҳмансур низ қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш буда, соли 2022 иҷрои қисми даромад аз ҳисоби андозсупорандагон 101,1 фоиз, бахши маҷмӯии даромади буҷет 106,9 фоиз таъмин гардид. Корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 512,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021-ум 53,3 миллион сомонӣ зиёд буда, 110,5 фоизи нишондиҳандаи як соли пешинро ташкил медиҳад.
Лозим ба ёдоварист, ки аз ҳисоби васеъ шудани ҳудуди пойтахт масоҳати заминҳои обӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишварзӣ афзуд. Барои мисол, ноҳияи Сино дорои 664 гектар замини корами обӣ буда, дурнамои кишти асосӣ дар 525 гектар, аз ҷумла 332 гектар баҳорӣ ва 135 гектар тирамоҳӣ, пурра иҷро гардид. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 272 хоҷагии деҳқонӣ амал мекунад, ки дар ихтиёри худ 486,06 гектар заминҳои обӣ дорад. Соли гузашта дар ноҳия 11 696,7 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ шуд.
Дӯстонам, ки борҳо ба хориҷа сафар кардаанд, иброз доштанд, ки на ҳама пойтахтҳои дигар кишварҳо тозагиву озодагиеро доранд, ки шаҳри Душанбе дорад. Соле қабл як ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ дар раддабандӣ (рейтинг) Душанберо ба қатори амнтарин шаҳрҳои сайёра шомил карда буд.

Мояи ифтихор аст, ки шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) пазируфта шуда, соли 2018 бино ба натиҷаҳои назарпурсии агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил шуд. Зимнан, шаҳри Душанбе дар қатори даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф гардид, ки барои рушду инкишофи соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.
Боиси сарфарозист, ки дар яке ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи соли 2021 ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе додани мақоми шаҳри фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор қабул гардид.
Дар матлабе навишта будам, ки Душанбе дурдонаи мамлакат буда, масъулиятшиносии Раиси ҷавон — Рустами Эмомалӣ онро муҷалло намудааст. Гузашти вақти на он қадар зиёд дурустии ин гуфтаро тақвият бахшид.
Мутмаинам, ки ба шарофати ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, қонунмеҳварӣ ва завқи волои муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастовардҳо боз ҳам афзун ва шаҳри Душанбе зеботар мешавад.

Далер Абдулло,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram