РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТАВАҶҶУҲ! Пагоҳ дар баъзе кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт муваққатан қатъ мегардад

Пагоҳ аз соати 8:00 дар баъзе кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе бинобар сабаби баргузор гардидани Ниммарафони XIII байналмилалӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад. Дар ин бора аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои Ҳ. Шерозӣ — аз буриши кӯчаи Саъдии Шерозӣ то маҳаллаи Чорбоғ ва кӯчаи Карамов аз давродаври хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то хиёбони Рӯдакӣ то анҷоми ниммарафон қатъ мегардад. Инчунин дар хиёбони Рӯдакӣ аз буриши кӯчаи Карамов то кӯчаи Бухоро то анҷоми чорабинӣ ҳаракати нақлиёт қатъ мегардад.

Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонони пойтахт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз кӯчаҳои ҳамшафати роҳ — М. Турсунзода, С, Айнӣ, С. Шерозӣ, Дӯстии халқҳо ва Сино истифода баранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram