РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагон мамлакат оғоз гардид

14-уми апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз гардид. Дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Нахуст Раҳим Саидзода иброз дошт, ки соҳаи маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятнок пазируфта шудааст. Яке, аз ҳадафҳое, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст, баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди ҳаракати олимпӣ ва дар ин замина омода намудани кадрҳои боистеъдод дар бозори меҳнати дохилӣ ва байналмилалӣ мебошад. Имрӯз дар олимпиадаи мазкур хонандагоне роҳхат гирифтаанд, ки миёни ҳамсолони худ дар фанҳои алоҳида беҳтаринҳо ба шумор мераванд.

— Вазорати маориф ва илм баҳри рушди ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ теъдоди олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявиро нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд намуда, барои зинаҳои 2-юм ва 3-юми таҳсилот шумораи онро аз рӯйи ҳамаи фанҳои таълимӣ ба 24 адад расонид, — қайд кард вазири маориф ва илм.

Сипас, вобаста ба суолҳои иштирокчиён директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён хонандагонро бо шартҳо ва тартиби баргузории олимпиада шинос намуд.

Баъди маросими ифтитоҳӣ хонандагон вобаста ба фанҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, донишу маҳорати худро нишон медиҳанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар олимпиадаи мазкур 864 нафар хонандагони синфи 11 аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (математика, физика, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ) иштирок намуда, ҷиҳати шафоф баргузор гардидани он мутахассисони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардидаанд.

Натиҷаи олимпиада санаи 16-уми апрел эълон мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram