Имрӯз як гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбе дар арафаи Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.
Аз ҷониби роҳбаладон ба хонандагон сайрҳои осорхонавӣ баргузор гардида, оид ба таъриху фарҳанг ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, хосатан дастовардҳои шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти кишвар дар ин даврон ироа карда шуданд.
Тадбири мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар ин доира хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳр аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии ҳудуди пойтахт боздид менамоянд.