РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо гузоришгари вижаи СММ хонум Назила Ғанӣ мулоқот кард

14 апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид хонум Назила Ғанӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Нахуст Ҷамшед Ҷӯразода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон, муовини якуми вазири маориф ва илм иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои Созмони Миллали Муттаҳид дар соҳаи маориф ва илм саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Сипас, миёни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳо ҷиҳати ҳамкориҳои судманди минбаъда ироа гардид.

Дар охир аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба меҳмонон туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram