Шаҳри Душанбе яке аз зеботарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки дорои усули шаҳрсозии бисёр зебо бо таваҷҷуҳи ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва фарҳангӣ ба як шаҳри пешрафта дар миқёси чӣ миллӣ ва чӣ дар миқёси байналмилалӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик барои таҳкиму тақвият бахшидани худшиносии миллӣ, маърифати фарҳангӣ ва худогоҳию хештаншиносии мардум, махсусан насли наврасу ҷавон бениҳоят бузург аст.
Аз ин ҷост, ки воқеаҳову санаҳои муҳиму тақдирсози Ватани мо бо номи Душанбе вобастагии ногусастанӣ доранд. Зеро дар охири асри ХХ пойтахти кишвар дар пойдории сулҳу субот, ягонагӣ, ташаккули асосҳои ҷомеаи демокративу шаҳрвандӣ нақши муҳим бозидааст.
Айни ҳол, дар ҳар мавзеи шаҳр сохтмонҳои азиму пуршукӯҳ, аз қабили боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ, махсусан муассисаҳои таълимӣ, биноҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаву марказҳои савдои бо талаботи замони муосир ба назар мерасанд, ки агар аз як ҷиҳат ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошанд, аз ҷониби дигар нақшу ороиши миллӣ дошта, ҳуввияту ифтихори миллии сокинонро боз ҳам баланд мебардорад. Бахусус, дар доираи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии самарабахши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ давоми чанд соли охир биноҳои бошаҳомат сохта ба истифода дода шуданд. Дар радифи ин иқдомҳо пойтахти мо аз боиси маҷмааву қасрҳои меъморӣ-фарҳангӣ, роҳҳои ободу мумфаршгардида, иншоотҳои маъмуриву истиқоматӣ, корхонаҳои пешқадами саноатӣ ва муассисаҳои илмию маърифатии хеш ба шаҳри муосиру маҳбуби ҳамагон табдил ёфтааст.
Боиси хушнудист, ки аз ин ҳама дастгириҳои беназир сокинону меҳмонони пойтахт, хусусан кормандони маориф, омӯзгорону хонандагони саодатманд баҳравар гардида, ҷиҳати рушду нумуи бештари онҳо ва дар ин замина баҳри баланд гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия ва ба шахсияти комил ба воя расидани насли ояндасозу ватандӯст равона мегардад.
Аз замони пойтахти Тоҷикистон эълон гардидани шаҳри Душанбе он тавонист, дар ҳар самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Бахусус, дар замони соҳибистиқлолӣ комёбиҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, суботи сиёсӣ ва эътирофи умумиҷаҳонии Душанбе имконият дод, ки пойтахти азизи мо макони баргузории як қатор чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ бо иштироки сарварони давлатҳои абарқудрати дунё ва чеҳраҳои намоёни сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии минтақаву ҷаҳон гардад.
Дар ҳошияи сиёсати некбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти созандаи сокинони пойтахт ба пойдориву устувории сулҳу ваҳдат, таъмини волоияти қонун, амну осоиши мардум равона гардида, ҳанӯз моҳи августи соли 2004 бо қарори ЮНЕСКО ба шаҳри Душанбе Ҷоизаи аввалин — “Шаҳри сулҳ” тақдим гардид.
Самараи ҳамин заҳматҳои шабонарӯзӣ буд, ки дар солҳои охир пойтахти Тоҷикистони азиз — шаҳри Душанбе аз ҷониби Ташкилоти ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) – “Шаҳри сайёҳӣ” эътироф гардидаву аз ҷониби ширкати “Турстат”-и Русия ба даҳгонаи шаҳрҳои бехатари ИДМ ворид гардид.
Эълон гардидани шаҳри Душанбе чун “Пойтахти фарҳангии ИДМ” дар соли2021, ташкил ва баргузор намудани Форумҳои байналмилалӣ таҳти унвони “Наврӯзи Душанбе макони фарҳанг ва робитаҳои сайёҳӣ”, “Душанбе-шаҳри имкониятҳои рушди кӯдакон” ва “Душанбе – инвест 2021”, ҳамзамон бори аввал Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-“Шукуфаҳои пойтахт”, Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил “Дар меҳмонии Душанбе” ва Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои информатсионӣ боиси сарфарозии мост ва он моро водор менамояд, ки барои ба ин ном сазовор шудан, аз ин беш саъю кӯшиш намуда, барои гул-гулшукуфоии пойтахти кишвари азиз саҳми арзандаи хешро гузорем.
Илова бар ин, дар пойтахт озмунҳои шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе”, “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм”, “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ”, “Доноякон” ва дигар озмунҳои маърифативу фарҳангӣ ва илмӣ боис мегарданд, ки сатҳи маърифати шаҳрнишинии сокинони пойтахт баланд гардад, онҳо аз ҷиҳати дониш ва илмӣ хуб инкишоф ёбанд ва барои ояндаи дурахшони пойтахт ва Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузоранд. Инчунин, ҳамасола бо ташаббуси роҳбарияти шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашнҳои милливу сиёсӣ ва Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои сатҳи шаҳриву минтақавӣ ва байналмилалӣ ташкилу баргузор карда мешаванд, ки барои боз ҳам муаррифӣ гардидани шаҳри Душанбе дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидаткунандаанд.
Мо боварӣ дорем, ки пойтахти маҳбуби мо таҳти ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ боз ҳам ободу зебо гардида, он муаррифгари Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳонӣ боқӣ мемонад.
Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур