РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзи пойтахт. ДУШАНБЕ – СИМОИ ХАЛҚУ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН

Шаҳри Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғӯши доманакӯҳҳои сабзу хуррам ва паҳнои водии рӯдхонаҳои мусаффо, дар муҳити барои зиндагӣ хеле созгор, ки ба воситаи роҳҳои мошингард, оҳан ва ҳавоӣ тамоми гӯшаву канори мамлакатро ба ҳам мепайвандад, ҷойгир аст. Дарвозаҳои бошукӯҳ дар чаҳор самти пойтахт нишони суннатҳои шаҳрсозӣ ва низоми устувори шаҳрдорӣ, сифатҳои наҷиби инсондӯстӣ, бародарӣ ва меҳмоннавозии сокинони шаҳррро таҷассум менамоянд.

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Ватани азизамон рӯз аз рӯз ободу зебо гашта, дили тамоми ҷаҳониёнро тасхир намудааст. Душанбе ба ҳайси даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини ҷаҳон ворид гашта, макони баргузории бузургтарин ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, ҷаласаҳои барномаҳои ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), давлатҳои доираи эътимод ва тадбирҳои Осиё, конференсияҳои сатҳи баланди марбути обу экология, муборизаи дастаҷамъӣ бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ гашта, тавсия ва пешниҳодҳои муфиди он дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.

Имрӯз шаҳри Душанбе аъзои фаъоли Созмони байналмилалии «Шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимияти маҳаллӣ» буда, бо шаҳрҳои аъзои Созмон робитаҳои қавӣ ва ҳамкориҳои судманд дорад. Пойтахти мамлакат дар солҳои Истиқлоли давлатӣ таҳти лоиҳаи генералии меъморӣ қарор гирифта, теъдоди биноҳои замонавии маъмурӣ, фарҳангӣ ва истиқоматӣ бо суръати баланд таҳти роҳбарии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ идома дошта, инфрасохтори коммуналию маишӣ таҷдид гардида, таъмини босифати нақлиёти ҷамъиятӣ, обу барқ, систсемаи гармидиҳӣ, таъмиру тармими роҳҳои автомобилгард, роҳраву гулгаштҳо, беш аз 16 боғи фарҳангию истироҳатӣ, майдончаҳои варзишӣ дар як муддати кутоҳ ба роҳ монда шуд, ки боиси ифтихори ҳар як сокин пойтахт мебошад.

Муҳимтарин марказҳо ва иншоотии ҷолиби шаҳри Душанбе ин майдони Дустӣ бо маҷмааи Исмоили Сомонӣ, Майдони Парчами миллӣ, Қасри миллат, бинои Ҳукумат, Вазорати корҳои хориҷӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Наврӯзгоҳ, Китобхонаи миллӣ, Театри опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ, Боғи устод Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Боғи устод Садриддин Айнӣ, кӯли Душанбе, бозори Меҳргон, чандин театру амфитеатрҳо, Кохи Борбад, Осорхонаи миллии кадимӣ, муосиртарин меҳмонхонаҳои сатҳи байналмилалӣ ва даҳҳо иншооти бузурги фарҳангӣ, маъмурӣ, илмӣ, тандурустӣ ва корхонаҳои саноатӣ мебошанд.

Тибқи маълумоти оморӣ ҳоло дар пойтахт фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, вокзали нақлиётӣ, 37 меҳмонхона ва 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 маркази дилхушӣ, 25 бозор ва 91 маркази савдо, 26 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 17 боғи фарҳангу фароғатӣ ва 1 боғи ҳайвонот, 14 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 204 кошонаи ҳусн ва 201 сартарошхона, 4 кохи фарҳангӣ ва 7 театри касбӣ, 10 осорхонаву 6 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 109 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳо дар 37 мавзеи пойтахт, 1 Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ, кохҳои “Наврўз” “Борбад”, “Ваҳдат”, “Сурўш”, 306 муассисаи табобатию профилактикӣ ҷойгир буда, ҳамарӯза ба садҳо меҳмони дохиливу хориҷӣ аз рўйи талаботи онҳо хизматрасонӣ менамоянд.

Яке аз баландтарин парчамҳо дар ҷаҳон бо баландии 165 метр, маҳз дар шаҳри Душанбе қомат афрохта, дар китоби рекордҳои Гиннес сабт гардидааст, ки яке аз мавзеъҳои истироҳативу сайёҳии сокинону меҳмонони пойтахт гардидааст.

Ҳамзамон, дар пойтахт Кохи “Наврӯз”, ки аз намунаҳои олии санъати шаҳрсозии муосир буда, инъикосгари сабки хосси меъмории миллӣ ба шумор меравад, ҷойгир шудааст. Нақшу нигор ва унсурҳои фарҳанги ороишии он таърихи беш аз 6000-солаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷикро таҷассум мекунад ва он аз ҷониби коршиносони сатҳи байналмилалӣ ҳамчун муъҷизаи муосири сайёҳӣ эътироф шудааст.

Дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ва таваҷҷуҳу кӯшишҳои бевоситаи Раиси шаҳр дар самти сайёҳӣ аст, ки соли 2018 шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи Умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) шомил гардида, тибқи назарсанҷиҳои Агентии иттилоотии «Турстат»-и Федератсияи Россия шаҳри Душанбе ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини давлатҳои аъзои ИДМ, шаҳри муносиб дар айёми баҳор барои сайёҳӣ ва ба даҳгонаи беҳтарин шаҳри сайёҳат ва сафари шабона арзёбӣ гардид.

Аз 3-юми октбяри соли 2019 шаҳри Душанбе бо қарори Шўрои вазирони сайёҳии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ солҳои 2020-2021 ҳамчун пойтахти сайёҳии мамлакатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва аз 28 сентябри соли 2018 бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2021 ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон карда шуд.

Дар баробари ин, 11  январи соли 2021 дар маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2020 шаҳри Душанбе дар номинатсияи «Беҳтарин шаҳри варзишии Тоҷикистон» ғолиб дониста шуд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад”

Воқеан, имрӯз бо ибтикору дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, шаҳрдории Душанбе ва бо заҳмату саҳмгузории пайвастаи сокинони шарафманди пойтахт Душанбе на танҳо маркази маъмуриву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат, балки ба шаҳри воқеии сайёҳиву фароғат табдил ёфта, ҳамчун симои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст.

Боиси хушнудист, ки бо дарки ин масъала давоми солҳои охир дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе як қатор боғҳои зебои замонавӣ бунёд ва дар онҳо дарахтони сояафакану ороишӣ шинонида шуданд, ки ҳусни Душанбеи биҳиштосоро боз ҳам зеботар менамоянд.

Дар ин самт муроҷиати раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “шаҳри сабз” табдил додани шаҳри Душанбе имрӯзҳо аз ҷониби тамоми сокинони пойтахт, кормандони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои дар пойтахт кору фаъолияткунанда, новобаста аз шакли моликияташон ҳамовозӣ пайдо намуда, дар ин самт аллакай як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд, ки барои боз ҳам зебову дилрабо ва шаҳри сайёҳии сатҳи байналмилӣ гардидани шаҳри Душанбе мусоидат мекунанд.

Абдурозиқ МАРДОНӢ,

рӯзноманигор

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram